ДАСТОВАРДҲОИ КОЛЛЕҶ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (23.12.2023) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик мебошад.
Вобаста ба ин, зарур аст, мутахассисони ҳирфаиеро ба камол расонем, ки тавонанд дар пешрафти истеҳсолот ва рушди саноату хоҷагии халқ саҳми шоиста гузоранд. Дар ин замина, нақши мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгор чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас аввалиндараҷа мебошад. Ба ибораи Пешвои миллат, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифати мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат зери суол мемонад.
Чунонки аз Паём бармеояд, “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда ва танҳо дар соли 2022 бошад, 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст”. Тамоми ин иншоот ба тарзи замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба тариқи ройгон дар ихтиёри мардум гузошта шудаанд, то ки мо насли ҳамаҷониба босаводу инкишофёфта, ватандӯсту ватан-парвар, худшиносу худогоҳро ба воя расонем.
Яке аз чунин муассисаҳои таълимӣ коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳсуб меёбад. Муассисаи номбурда бо барномаҳои таълимии иловагӣ фаъолият намуда, ҳадафи он тарбияи ҳаматарафа ва барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ омода намудани мутахассисон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тамоми кӯшиши устодону омӯзгорон ба он равона карда шудааст, ки муҳассилини муассиса дониши хуб гирифта, кишварро дар арсаи байналмилалӣ бо донишу ҷаҳонбинии пешрафта муаррифӣ намоянд.
Роҳбарияти коллеҷи омӯзгорӣ барои расидан ба ин ҳадаф тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолият тамоми биною иншооти коллеҷ азнавсозӣ гардида, як қатор биною иншоот ба шароити таълимии муосир ҷавобгӯ буда, синфхонаҳою кабинети таълимӣ бо асбобу воситаҳои замонавии таълимӣ таҷҳизонида шуда, барои таҳсилу фароғати донишҷӯён тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Дар таълимгоҳи мазкур ба толибилмон омӯзгорони дорои дараҷаи олии тахассусӣ дарс мегӯянд. Шуъбаи таълимӣ ҳар ҳафта натиҷаи дарсазхудкунии донишҷӯёнро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил чораҷӯйӣ менамоянд.

Рухсора ҶӮРАЕВА,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти руси коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ